Ҳатман бихонед:  

Салом, "Муҳаббат ва Оила"-и азиз! Ман Зарина, 19-сола, донишҷӯ ҳастам. Мехоҳам ба Райҳона - он духтараке, ки марди афғоне барои ӯ ба волидонаш 1500 доллар дода, пасон бедарак гашта буд, маслиҳат диҳам.
Хоҳари азиз, шумо ин дафъа бо эътимоду боварӣ ба идораи рӯзнома муроҷиат карда гуфтаед, ки бо ин ҷавони афғон "Ба висоли ҳам мерасем". Аммо ман ба ин шубҳа дорам. Чаро?
Райҳона, аввалан, фикр кун, наход, дар тӯли беш аз як сол ҷавон чанд дақиқа вақт наёбад, ки ба ту занг бизанад ва аз аҳволат пурсон шавад?! Бигзор, ки ӯ дар беморхона буд. Магар аз беморхона занг задан мумкин нест? Ту ҳамон 1500 доллареро, ки ӯ ба волидонат додааст, нишонаи муҳаббаташ медонӣ ва боварӣ дорӣ, ки бармегардад. Вале кӣ медонад: шояд барои он ҷавон якуним ҳазор доллар қадре надорад! Шояд ӯ пулро доду фаромӯшаш карда буд?! Туи содда мисли ман бовар кардӣ, ки ӯ дӯстат доштааст.
Оре, сарнавишти ман ҳам ба ту монанд аст. Ман ҳам ба лутфу меҳрубониҳои телефонии ҷавони афғоне бовар карда, ғоибона дӯсташ доштам. Мо тӯли ду сол бо ҳам гуфтугӯ мекардему ман ҳам ба муҳаббати ӯ бовар карда будам ва ҳатто ду маротиба бо ҳам вохӯрдем. Баъд аз ин вохӯриҳо дар дилам шубҳа пайдо гардид. Дилам мегуфт: " Ӯ самимӣ нест!" Бинобар ин, ҳақиқати ӯро фаҳмидан хостам ва фаҳмидам. Ӯ зан ва панҷ фарзанд доштааст!
Боварӣ дорам, ки ҷавони афғони ту ҳам танҳо нест ва агар ту ба ӯ бовар кунӣ, рӯзе танҳо хоҳӣ монд. Бинобар ин, агар имкон дошта бошӣ, пулро баргардон ва аз тоҷикони худамон намон. Имрӯз ба афғонҳое, ки бо сабаби нооромиҳои ватанашон маҷбур гардида, ба ин ҷо омадаанд, бовар кардан нашояд. Онҳо боз ба ватан бармегарданд.

Мавзӯҳои монанд
  • ДӮСТАШ ТӮҲМАТАМ НАМУД
  • ДИЛАМ МАЙЛИ ҶАВОНИ АВВАЛ ДОРАД
  • ДӮСТДОШТАИ ДУГОНААМ МАРО ДӮСТ МЕДОРАД
  • ЧӢ ТАВР ФАРОМӮШ КУНАМ?
  • ШАВҲАРАМ САД АРӮС ДОРАД

  •  
    Тавзеҳи №1 навишт: acagmaToifita   18 март 2012 03:18   Иқтибос кардан      

     
    Тавзеҳи №2 навишт: Roalloxycaf   30 март 2012 17:31   Иқтибос кардан      

     
    Тавзеҳи №3 навишт: careprost   14 апрел 2012 11:24   Иқтибос кардан      

    Купить Careprost : стимулятор роста ресниц : Карепрост. Карепрост отзывы.
     

    Фикри худро нависед!

    Номи шумо:
    E-Mail:
    Аломатҳо:
    Включите эту картинку для отображения кода безопасности
    пахш кунед, агар аломатҳо номаълум бошанд
    Аломатҳо
    ворид кунед:


    Бахшҳо
    Пурсиш
    БА ШУМО КАДОМ МАВЗӮҲО БЕШТАР ПИСАНД АСТ?

    Оилавӣ
    Тарбиявӣ
    Динӣ
    Тиббӣ
    Маҳрамона
    Қиссаҳо


    Хабарҳои машҳур

    Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
    © 2009-2010 Ҳафтаномаи «Муҳаббат ва Оила». Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии «adMedia»