Қариб панҷ сол бо ҷавоне вомехӯрдем. Ӯ мегуфт, ки маро аз ҷонаш ҳам зиёдтар дӯст медорад. Модараш ӯро ба духтари холааш хонадор карданӣ буд, аммо ӯ ба хотири ман розӣ нашуд. Чанд моҳ аз хонаашон гурехта, дар шаҳр мардикорӣ кард. Духтари ҳамсояашонро доданӣ шуданд. Боз қабул нанамуд. Ба ҳамаи хешу пайвандонаш гуфта буд, ки танҳо маро дӯст медорад ва танҳо бо ман издивоҷ мекунад. Вале рӯзе ба наздам омаду гуфт:- Ман ба Россия ба кор меравам. Баъд аз ним сол меоям ва ба хонаатон хотгор мефиристам.
Хоҳиш намуд, ки ӯро интизор шавам ва ман розӣ шудам. Ӯ ба Россия рафту ғайб зад. Аз худ дараке намедод. Аз байн ним сол, як сол…се сол гузашт. Ман ҳам ба хотири ӯ чандин хостгорҳоро рад намудам. Аммо рӯзе падарам ба қатъият гуфт:- Интизор шудан бас аст. Акнун хоҳӣ ҳам, нахоҳӣ ҳам туро ба шавҳар медиҳам.
Ӯ аз ишқи ман огаҳ будааст. Бинобар ин се сол нозу нузи маро бардоштааст. Вале он рӯз косаи сабраш лабрез шуда буд.
- Пагоҳ пир мешавӣ, дигар касе ба хостгориат намеояд,- гуфт ӯ,- Ҳанӯз ки имкон дорӣ, ягон касро интихоб намову оила бунёд соз.
Ва ман нафареро интихоб намудам. Маро тӯй карданд. Се моҳ зиндагӣ кардему баъд аз моҳи шарифи Рамазон шавҳарам ҳам барои кор ба Россия рафт. Чанд рӯз пеш бошад, ҷавони аввал ба хонаи модарам омадааст. Модарам ба ӯ гуфтаанд, ки ман оиладор шудаам. Аммо ӯ маҷбур намуда, рақами телефонамро гирифтаасту занг зад. Ҳоло талаб дорад, ки ман аз шавҳарам ҷудо шавам, зеро медонад, ки ҳанӯз ман ӯро дӯст медорам, гарчанд аз шавҳарам ҳомилаам.
Ба ман маслиҳат диҳед.
Лутфия
АЗ ИДОРА:
Лутфия! Мо ба шумо хеле кӯтоҳ ҷавоб медиҳем. Халқ мегӯяд: "Он чӣ Худо хост, ҳамон мешавад!" Пас, Худованд якҷо будани шуморо нахостааст. Шумо бояд ба тақдир тан бидиҳед ва шукри тифли батнатон намоед.
Шавҳаратон ва тифли батнатон ҳам гуноҳе надоранд. Боварӣ дорем, ки шумо ба онҳо бадӣ намехоҳед ва ҳаргиз даст ба куштани фарзанди худ намезанед. Ин ҷо низ хулоса бармеояд, ки дӯстдоштаатон бояд шуморо ба ҳоли худ гузошта, барои худаш ишқи дигаре пайдо намояд.