Ҷавонӣ давраи хунгармӣ, давраи бехабарӣ ва давраи холабеғамии ман буд. Ба гапи касе гӯш намекардам, ҳама бароям душман менамуданд, кори медонистагиамро анҷом медодам. Падарам марди ботамкин ва меҳрубоне буд. Вай маро ҳамеша насиҳат мекард, ба намоз хондан ташвиқ менамуд. Вале ман ба гапи падарам гӯш намедодам, медонистагиамро мекард. Коре кардам, ки қарзи калоне ба дӯши падарам бор шуд. Чор сол лозим омад, ки он қарзро падарам бо шунидани таҳқиру маломати қарздорон канад. Ман бошам як тини пучак ба падарам ёрӣ нарасондам, кайфу сафои худамро медонистам. Падарам ҳамеша дар ҳама ҳолат маро ба сӯи Худо мехонд, ояҳо аз Қуръон, ҳадисҳоро бароям мисол меовард, аммо маро намезад, дилаш касал буд. Агар мезад, ҳатман ӯро ҷазо медодам. Шояд вай инро медонист.
Духтарбозӣ шеваи кори ман буд. Телефонро на шаб на рӯз аз гӯшам намемондам. Одамон мегуфтанд, ки ҳеҷ имкон надорад, ки ту фарзанди ҳамин хел одами бузург бошӣ. Ман бошам ба гапи онҳо эътино намедодам.
Падарамро ғами ман мехӯрд. Дилаш рӯз ба рӯз афгортар мешуд, ман инро медонистам, вале парво надоштам. Ба таги дилам ҳоли падарро дида хурсанд мешудам, барои аз по афтонданаш ҳилаҳои дигар ҷустуҷӯ мекардам. Чунин гумон доштам, ки агар падарам мурад зиндагии озод ва беғаму бедард ба сар мебарам.
Рӯзе падарам Қуръон хонда бароям тафсир кард ва роҳи ҳақро аз ботил бароям фаҳмонд. Гуфторҳои вай ба дилам зада буд, чизе нагуфтаму ба берун баромадам. Ба як духтари шиносам рақами телефони падарамро додам ва гуфтам, ки телефон куну падарамро таҳқир кун.
Аз пушти тиреза гӯш кардам, ки садои телефони падарам баланд шуд.
- Асалому алайкум ва раҳматуллоҳ! - падарам ҳангоми вохӯрӣ ва баромада рафтан ба ҳозирон ҳамеша ҳамин хел салом медод.
- …, - он духтар чӣ мегуфту чӣ дашном медод, намедонам.
- Хоҳар шумо иштибоҳ кардед!
-…
Чӣ?!
-…
Хоҳар!..
Падарам телефонро кушту дилашро қапид. Телефон боз занг мезад, аммо падарам ба ҳоли худаш шуда буд. Хурсандона аз дар баромадаму рақами телефони холаамро гирифтам. Ҳамон рӯз модарам ба дидорбинии хоҳараш рафта буд. Холаам телефонро бардошт. Овозамро дигар карда гуфтам:
- Бубахшед, шумо фалонӣ ҳастед! Ман аз фалон деҳа фалонӣ аз олам гузашт, ман шуморо ба ҷаноза хабар мекунам.
Телефонро куштаму маркази ноҳияро пеш гирифтам, то ки воқеаи рухдодаро ҳамроҳи маъшуқаи телефон кардагиям шӯем.
Модарам ҳодисаро шунида аз ҳуш меравад. Ба хона занг мезананд, аммо телефони падарам ҷавоб намедиҳад. Ба қавле саркану покан модараму холаам ба хона меоянд. Меоянду мебинанд, ки падарам Ёсин мехонад, гоҳ дилаш ба бозӣ медарояду гоҳ ором мегирад. Ҳамин вақт яке аз дӯстони падарам, ки марди тақводоре аст, падарамро хабаргирӣ меояду ҳодисаро мебинад ва падарамро гирифта ба шаҳри Душанбе ба як беморхонаи машҳур меорад. Духтурон мегӯянд, аз кори ин мард мо дар аҷабем вай бори чорум аст, ки сактаи дил шудааст, вале ҳанӯз зинда аст.
Баъди табобат падарам ба хона омад. Аз зинда монданаш танҳо ман ношод будам. Духтурон таъкид карда буданд, ки эҳтиёт бошем, ки андак кор метавонад, риштаи умри ӯро барканад, дилаш дигар тоқати вазниниро надорад. Аммо ман дар андешаи он будам, ки чӣ гуна ӯро аз байн барам.
Падарам соати расо дуи шаб аз хоб мехест, таҳорат мекард ва то рӯз ба ибодату қироати Қуръон машғул мешуд. Аммо намехост аз ин кори вай касе воқиф шавад. Чаро намехост намедонам. Ҳатто модарамро аз хоб бедор намекард, вале ҳамин, ки падарам аз дар баромад модарам ҳам мехест. Боз намедонам онҳо чӣ гуна мехестанду чӣ ибодате мекарданд.
Як шаб пеш аз падарам аз хоб хеста дар роҳи ҳоҷатхона ӯро интизор шудам. Азбаски барқ набуд, фонарики падарамро гирифта пинҳон кардам, то ки вай рӯшание наёбад. Ҳамин, ки падарам ба сӯи ҳоҷатхона омад чодари калони сафедеро ба сар кашида дуртар аз падарам ба ҷунбиш даромадам.
Ман барои тарсондани падарам ҳар гуна ҳаракатҳо мекардам. Аммо падарам гӯё маро намедид, ба ҳоҷатхона даромад ва баромада ба таҳорат кардан машғул шуд. Ин рафтори ӯ маро асабӣ мекард, чаро вай наметарсад, чаро намегурезад, дод намегӯяд, наход маро надида бошад. Ба падарам хеле наздик омадам, вале вай боз таваҷҷӯҳ накард. Тарсе ба дилам пайдо шуд, оҳиста худро дур гирифтам. Ҳамин вақи модарам аз хона баромад, падарам то таҳорат карда шудан модарамро ҳамроҳӣ кард, баъд ҳарду ба хона даромада пушти ибодати худ шуданд.
Саҳар барвақт аз хоб хеста омада дар сари дастархон нишастам. Мехостам фикри падарамро дар бораи ҳодисаи шаб рух дода фаҳмам. Аммо падарам дар бораи воқеаи шаб дидааш чизе нагуфт. Баръакс маро боз ба намозхонӣ ташвақ карда, асабиям сохт. Ниҳоят гуфтам:
- Шаби дароз хобҳои бад дидам!
- Хобҳо раҳмонӣ мешаванду шайтонӣ. Барои он, ки шайтон аз ту дур бошаду хобҳои раҳмонӣ бинӣ рӯ ба сӯи парвардигор биёр! - гуфт, падарам.
- Ҳамин шаб дар ҳавли дузд-мӣ, бало-мӣ даромада буд, - боз гуфтам ман.
Падарам табассуми ширине карду чизе нагуфт.
Ман акнун фаҳмидам, ки падарам аз ҷину парӣ наметарсидааст, вай ба тақдири Худо ризо шуда, танҳо дил ба худо супоридаву аз Худо метарсидааст. Бинобар ин найрангбозиҳои ман ба вай таъсире нарасондааст. Ё кӣ медонад, шояд падарам аз дасисаҳои ман огоҳ буду гап намезад.
Ман дидам, ки бо падарам коре карда наметавонам, айёшии худро идома додан гирифтам.
Як бегоҳ ба хона баргаштам, ки падарам дар бистар хоб асту ӯро аҳли оила ҳалқа гирифтаанд. Ҳама хомӯш буданд, фақат падарам канда-канда гап мезад. Ногоҳ вай номи маро гирифт.
- Ман дар ҳамин ҷоям! - гуфтам.
- Наздиктар, биё! - хоҳиш кард вай.
Омада дар паҳлӯяш нишастам.
- Маро бубахш, писарам! Ман ҳам туро бахшидам, Худо тавфиқат диҳад, - ба гап даромад падарам.
- Аҷоиб гап мезанед, - гуфтам, - ман чӣ гуноҳ кардам, ки маро мебахшед. Шумо бошед, як умр маро ғам додед, ман ҳеҷ гоҳ шуморо намебахшам.
Ман вақте ин гапро гуфтам, дидам , ки падарам табассум мекунад. Қаҳрам омад:
- Чӣ маро масхара мекунед! - фарёд задам.
- Як тараф ист, сархур! - аз китфам кашид, амакам. - Намебинӣ падарат ҷон ба ҳақ таслим кард.
Як тараф истодаму хандаам омад, падарам механдаду амакам мегӯяд, "ҷон ба ҳақ таслим кард".
Модарам паст-паст ба гиря даромад. Амакам манаҳи падарамро баст, аммо ин чӣ хел мурдан буд, ки падарам ба қабристон ҳам бо табассум рафт.
Аз байн чанд муддат гузашту модарам ҳам аз по афтод ва дар давоми ду рӯз ҷон дод. Дар қабристон модарам дар паҳлӯи падарам манзили охират гирифт. Акнун ба ман касе халал намерасонд. Худам шоҳ будаму табъам вазир, вале…
Вале баъди чанде равонаи зиндон шудам. Он ҷо вақти зиёд барои андеша кардан буд. Ман ҳам гузаштаамро мисли лентаи кино аз пеши назар гузаронидам. Дар зиндон ҳам бо одамони нек вохӯрдам, онҳо низ маро ба роҳи рост ҳидоят карданд.
Чанде пеш ба хона баргаштам. Касе барои диданам наомад. Ҳатто хешу таборҳо, ҳамсояҳо ҳам наомаданд. Одамон ба ман бо шубҳа нигоҳ мекунанд, аз ман ҳазар мекунанд. Онҳо намедонанд, ким ан намоз мехонам, аз кардаҳоям пушаймонаму тавба кардаам.
Дишаб соати дуи шаб аз хобам хестаму таҳорат кардам ва рафта ба рӯи ҷонамоз нишастам. Баъди намоз хондан хобам бурдааст. Падарамро ҳамроҳи модарам хоб дидам. Гӯё ҳардуяшон парранда шудаанд, чунон парандаи зебо, ки аз тамошояшон кас сер намешавад. Боз падарам дар хобам дар миёни парандагони мисли худаш аз ҳама хушовоз ва зебо будааст. Падару модарам омада ба шохи дарахти тути рӯи ҳавлӣ нишастанд, падарам ба гап даромад, вай мисли ин, ки Қуръон мехонд, вале ман маънои гапашро мефаҳмидам:
-Дари тавба кушода аст, худованд бахшоянда! Тавба куну ибодат! - инро падарам гуфту се бор такрор кард, - Қул аъузу бираббил фалақ.
Сипас падару модарам ҳам ғайб заданду дарахти тут ҳам. Аз хоб бедор шудаму ба гиря афтодам. Маро бубахш, Худовадо! Чи қадар бадбахту шақӣ будам, чӣ қадар падарамро ранҷондам, тавба кардам, Худоҷон! Маро бубахш, эй парвардигори яктову беҳамто, эй бахшояндаи меҳрубон!..
М.М.