Аз пайи қонеъ гардондани хоҳиши шаҳвонӣ шуда, кас аксаран фикр намекунад, ки ин барои ӯ хавфе дошта метавонад. Барои шахси оддӣ тозагии зоҳирии зан (ё мард) далели кофӣ аст, ки худро аз хатари гирифтор шудан ба бемории сироятии ҷинсӣ эмин ҳис кунад. Аммо як чизро бояд ба назар гирифт: ин мард ё зани "тоза" пеш аз шумо метавонист бо бисёр касони дигар алоқаи ҷинсӣ дошта бошад. Ва дар лаҳзае, ки шумо бо ӯ қаробат мекунед, гӯё бо ҳамаи он нафарон ба алоқа медароед, ки шуморашон мумкин аст даҳҳо нафарро ташкил диҳад! Худро аз дигарон зираку ҳушёртар гумон накунед. Таърих бисёр ашхоси оқилу хирадмандро медонад, ки ба бемории ҷинсӣ, масалан, сифилис гирифтор шуда вафот кардаанд.
Дар 20 соли охир бемориҳои ҷинсии анъанавӣ ҷойи худро ба "касалиҳои насли дуюм" - хламидиоз, уроплазмоз, микоплазмоз, инфексияҳои вирусӣ додаанд.
Муддати тӯлонӣ ақидае ғолиб буд, ки илтиҳоби узвҳои ҷинсию масонаро микроорганизмҳое ба вуҷуд меоранд, ки дар бадани инсон зиндагӣ мекунанд - стрептококкҳо, стафилококкҳо, чӯбчаи рӯда. Лекин алҳол инфексияҳо: хламидияҳо, микоплазмаҳо, трихомонадаҳо паҳн шудаанд. Ва аллакай исбот шудааст, ки хламидияҳо сабабгори бемориҳои системаи пешобу ҷинсӣ мегарданд ва метавонанд занҳою ҳам мардҳоро безурриёт кунанд. Хавфнокии ин инфексияро ҷиҳате меафзояд, ки он метавонад солҳо худро ошкор накарда, дар бадани инсон инкишоф ёбад. Ва чун бемор ба табиб муроҷиат мекунад, мумкин маълум шавад, ки дер шудааст ва табобат бо душвориҳо мегузарад.
Духтурҳо иқрор мешаванд, ки одатан ин гуна беморонро ба як бор табобат кардан намешавад - мубориза бо беморӣ метавонад хеле тӯлонӣ идома ёбад. Охир худи инфексияҳои ҷинсӣ махлуқҳои ниҳоят маккоранд. Онҳо дар дохили ҳуҷайраҳои ҷисми инсон маскун шуда, бисёр вақт аз таъсири доруҳо ва нерӯҳои иммунитети одам эмин мемонанд. Инфексияи маъмуле мисли хламидиоз ҳуҷайраҳои системаи ҷинсӣ ва ҳуҷайраҳои хунро, ки иммунитетро таъмин менамоянд, истило мекунад. Вақте шахси ба хламидиоз гирифтор ба миқдори зиёд антибиотикҳоро истеъмол мекунад, вай на танҳо инфексияро, балки инчунин ҳуҷайраҳои бадани худ, дар навбати аввал ҳуҷайраҳои хун ва системаи ҷинсиро нест мекунад. Аз ин сабаб табобат метавонад бенатиҷа анҷомад. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки инфексияҳое мисли хламидия, ситомегаловирус ва вируси герпес метавонанд на фақат ба системаи ҷинсӣ, балки ба буғумҳо, чашмон, пӯст ва ҳатто майнаи сари инсон таъсир расонанд.
Ангезандаҳои бемориҳое, ки бо роҳи ҷинсӣ паҳн мешаванд, зиёда аз 20 навъ мебошанд ва на ҳамаи онҳоро дар натиҷаи як таҳлил муайян кардан имкон дорад. Вале бештар аз ин ба паҳншавии ин навъ бемориҳо "айб" будани онҳо сабабгор мешавад. Беморон намехоҳанд дарди шармоварашон ошкор шавад ва то ҳолашон бад нашавад, ба назди духтур намешитобанд. Дар ин ҳолат ҳам муроҷиати ғайрирасмӣ, бе ягон санаду қайд анъана шудааст. Ин аҳвол омори воқеиро доир ба бемориҳои ҷинсӣ халалдор месозад ва хатари вазъро низ нодуруст инъикос мекунад. Вале барои бемор аз ҳама бадаш он аст, ки дар ин сурат сифати табобат метавонад паст шавад, зеро масъулияти табиб барои табобат қариб тамоман аз байн меравад.
Ҳафтаномаи «Ҳамроз»