Ҳафтанома дӯстдоштаам, "Муҳаббат ва Оила"! Мехоҳам дарди дили маро низ пешкаши хонандагони сершуморат гардонӣ.
Ман 20-солаам, донишҷӯи яке аз коллеҷҳои пойтахт. Намегӯям, ки ошиқам, вале хеле хуб дарк кардаам, ки ишқ чист. Гарчанд ишқи худро ба даст оварда натавонистам.
Рӯзе ҳамроҳи ҳамсабақонам ба дарс меомадему дар дохили нақлиёт духтареро дида мафтуни ҳусни волову қаду қомати расояш гардидам. Азбаски шитоб доштем, афсӯс мехӯрдам, ки акнун мо мефароему дигар он духтарро дида наметавонам. Ӯ меравад. Вале ба бахти худ эҳсос намудам, ки ӯ ҳам аз пасамон фаромад. Бо ҷӯраҳоям каме зада, дидам, ки духтар аз пасамон меояд. Баҳонае пайдо карда, аз ҷӯраҳо ҷудо шудам. Гуфтам, ки кори заруре дораму фаромӯш кардаам. Онҳо ба дарс рафтанду ман интизори духтарак истодам. Вале ба ӯ чизе нагуфтам. Аз пасаш поида рафтам, ки аз коллеҷи худамон будааст. Хеле хурсанд будам.
Чанд рӯзи дигар ӯро поидам. Мехостам донам, ки дар кадом гурӯҳ мехонаду дар куҷо зиндагӣ мекунад. Рӯзе ӯро дар ҳалқаи дугонаҳояш дидам. Дугонаҳояшро мешинохтам. Вақте ки духтарак аз дугонаҳояш ҷудо шуда рафт, ба онҳо наздик шуда гуфтам, ки чанд муддат аст, дугонаашонро дӯст медорам ва хоҳиш намудам, ки ӯро ба ман шинос намоянд.
Духтарон гуфтанд: -Бо ҷону дил ба ту ёрӣ мерасонем, вале он дугонаамон не мегӯяд.
- Як бор не мегӯяд, ду бор не мегӯяд, оқибат безор шуда розӣ мешавад,- гуфтам ман. Ҳама хандидем.
Аз байн чанд рӯз гузашту яке аз он духтарон ба ман занг зада гуфт, ки дугонааш розӣ намешавад. Ман хоҳиш кардам, ки номи духтарро ба ман гӯянд, ман худам дилашро меёбам. Ва онҳо номи духтаракро ба ман гуфтанд. Номаш ҳам мисли худаш зебо буд.
Ман ба ҳама гуфтам, ки ин духтаракро дӯст медорам, ҳатто ба муаллимон ҳам. Муаллимон бовар намекарданд, ки ин духтарак ишқи маро қабул накардааст. Зеро ман нағз мехондаму ҳама маро мешинохтанд. Дугонаҳои духтар маро бисёр таърифҳо кардаанд, вале бефоида. Аммо дар коллеҷ ҳама дар бораи ҳар дуи мо гап мезаданд. Оқибат духтарак безор шудаасту ба ман занг зад: - Аз ман ту чӣ мехоҳӣ?
Ман ба ӯ ҷавоб додам, ки аз ту ман чизе намехоҳам -на пул на чизи дигар. Ягона хоҳишам ин аст, ки пешниҳоди маро қабул намоӣ.
Вай гуфт:- То имрӯз ман пешниҳоди ҳеҷ касро қабул накардаам ва пешниҳоди туро ҳам қабул карданӣ нестам.
Гуфтам:- Ман туро маҷбур намекунам, аммо фаромӯш накун, ки ман ишқи худамро зери пои одамон карданӣ нестам. Ишқи ягонаи ман туӣ!
Вай гуфт, ки фаромӯшаш кунам. Аммо ман фаромӯшаш накардам. Боз духтареро ба наздаш фиристодам. Ӯ гумон кардааст, ки ман ба хотири ошиқии дурӯза бо ӯ дӯстӣ карданиам. Вале ин тавр набуд. Ман ӯро ҳамсари худ дидан мехостам. Бо вуҷуди ин ҳам ӯ розӣ намешуд, ки бо ман вохӯрад.
Аз байн чанд вақт гузашт. Дар бораи ҳар дуи мо овозаҳо хеле зиёд буданд. Боз духтарак безор шуда ба ман занг зад. Ман ба вай дарди диламро гуфтам, лекин ӯ боз розӣ нашуд.
Дафъаи дигар худам ба ӯ занг задам. Ба хотири халос шудан аз гапи мардум ӯ худашро маҷбур кардааст, ки бо ман гап занад. Аммо овозаҳо кам нашуданд. Баръакс, акнун ҳама моро муҳокима мекард. Мегуфтанд, ки ин духтарак ба ман мувофиқ нест. Лекин ман ба зебоиву безебии ӯ кор надоштам. Зебоиро дар рафтору қалби ӯ медидам. Вай духтараки намозхону хеле боодоб буд.
Ман ошкоро ба ӯ гуфтам, ки дӯсташ медораму мехоҳам дар оянда якҷоя оилаи хушбахт барпо кунем. Дар ҷавоби суханони ман ӯ чизе намегуфт. Ҳамин тавр, тӯли се моҳ мо гоҳ-гоҳ телефонӣ сӯҳбат мекардем. Ва рӯзе ӯ гуфт, ки маро дӯст медорад, вале аввал таҳсилро ба охир расонданисту пас аз он ба шавҳар мебарояд. Ман ба ӯ бовар кардам ва розӣ шудам. Вале ин дафъа низ ӯ дурӯғ гуфта будааст, то муддате ман ӯро ба ҳолаш гузорам.
Ман чӣ кор карданамро намедонам. Падару модарам аз ишқи ман хабар ёфтаанду гуфтанд: - Агар духтар пешниҳоди туро қабул накарда бошад, пас ягон нағздида дорад ё лоиқи ту нест. Барои ҳамин худро дур мекашад…
Онҳо ҳатто духтареро пайдо намуда, моро фотеҳа карданд. Лекин ман фотеҳаро гардондам. Аз Худованд як чизро мехоҳам: Ё маҳбубаамро ба ман расонад, ё ақалан нисфи ишқи имрӯзаамро, ки ба ӯ доштам, нисбат ба духтари дигаре дар дилам ҷой диҳад, ки ба ӯ хонадор шавам.
АЗ ИДОРА:
Додари ҷон! Гарчанд ҳамаи ҳамсабақонатон аз ишқи шумо огаҳанд, мо номи шумо ва он духтаракро низ, ки гӯё дӯст медоред, ошкор нанамудем. Сабаб чист? Ва чаро мо мегӯем, ки "гӯё дӯст медоред"?
Сабаб он аст, ки мо намедонем, оқибати кори шумо чӣ гуна хоҳад буд. Зеро ба андешаи мо шумо худатонро бештар дӯст медоред. Ва оғози муносибати шумо ба он духтарак хеле ва хеле ғалат аст. Шумо ба худи духтарак чизе нагуфта, ишқатонро нисбат ба ӯ овоза кардаед. Ӯро ангуштнамои мардум кардед, дар ҳоле, ки бечора духтар гуноҳе надорад. Пас аз чунин овозаҳо чӣ тавр ӯ бо шумо гап занад?
Азбаски ба худи шумо сӯҳбат доштем, дар бораи хатоҳои дигаратон чизе намегӯем. Маслиҳати мо ба шумо ин аст, ки биравед ва аз он духтараки бечора узр бихоҳед. Баъд аз ин ӯро ба ҳолаш гузошта, агар ҳанӯз дӯсташ медоред, падару модаратонро ба хонаашон фиристед. Бовар кунед, агар онҳо ба ишқатон бовар кунанд, шумо ба мақсад мерасед.
Ва маслиҳати дигар: Ҳаргиз сирри дил ба касе нагӯед!