Ҳатман бихонед:  

(давомаш)
Маро дукаса мезаданд. Мезаданду мезаданд. То соати 3-и шаб ман дар зери шаттаву шаллоқи шавҳару хушдоманам будам.
Аз беҳоливу хастагӣ хобам бурдааст. Пас аз фурсате аз дарди зарбу лати хӯрдаам бедор шудаму гӯё ҳодисае рух надодааст, шавҳарам пурсид:
-Ба ту чӣ шуд? Чаро нолиш мекунӣ?
Аз ин бепарвоию беэътиноии ӯ гиристам. Гуфтам, ки ӯ бемеҳру бераҳм асту маро ҳамроҳи модараш қариб кушта буданд. Ӯ ҳайрон-ҳайрон ба суханони ман гӯш дода, дар охир бо садои гунаҳкорона гуфт:
-Ман намедонам шав чӣ ҳодиса шуд. Дар ёд надорам…
Бо вуҷуди ҳамаи ин зулму ситам ва бо умеди он ки шояд рӯзҳои нек ҳам фаро мерасанд, ба касе чизе нагуфта, зиндагиамро идома додам. Ва чанд рӯзе нисбатан осуда ҳам будам.
Рӯзе Эркин маро маҷбуран ба мағозае бурд. Хаёл кардам, ки гуноҳашро шуста, бо ягон тӯҳфае маро хурсанд карданист. Вале ӯ арақ харид. Ростӣ, сахт тарсидам. Хостам, ба хона биравам, намонд. Баҳонаҳо ҷустам, нашуд. Аз мағоза баромадем, ки хушбахтона, апаамро дидам. Модарам чӣ хобе дидаанду ӯро ба хабаргириам фиристодаанд. Бо кӯмаки ӯ шавҳарамро назди ҷӯраҳояш гузошта, ба хона омадем. Ба апаам гуфтам:
-Ба ман кӯмак кун. Либосҳоро ҷамъ карда мегурезем. Шавҳарам арақ харид. Ҳозир маст шуда омада, ҳардуямонро мезанад.
Либосҳоямро дар аробачае ҷамъ намуда, ба берун баромадем, ки дар рӯ ба рӯямон хушдоманам пайдо шуд.
-Чӣ шуд?
-Қудохола, шавҳараш хоҳарамро задааст. Ҳозир маст аст. Биёед, як-дурӯза ӯро ба хона барам. Баъд меояд.
Хушдоманам норозиёна ғур-ғур кард, вале ба мо роҳ кушод. Ба хонаи волидонам омадем. Дар ин ҷо модараму апаам зарбу лати хӯрдаам -сиёҳиву кабудиҳои баданамро дида, ба даҳшат афтоданд. Гуфтанд, ки барои чунин бераҳмӣ шавҳарамро ба милиса додан даркор аст. Ман розӣ набудам, аммо модарам ба милиса муроҷиат кардааст. Нозири минтақавӣ ба хонаамон омад. Арзу шикояти модарамро шунида гуфт:
-Мо домодатонро хуб мешиносем. Ӯ бадмасту наркоман аст. Чӣ тавр надониставу насанҷида духтаратонро ба ӯ додед?
Ӯ арзу шикояти модарамро навишта, ба ман низ чанд саволе доду рафт. Фикр кардам, ки акнун моро ҳатман аз ҳам ҷудо мекунанд. Ҳамроҳи апаҳоям барои либосҳоям рафтем. Хушдоманам зани амаки шавҳарамро ба шоҳидӣ даъват намудааст. Ин зан аз аҳволи зиндагӣ, аз муносибатҳои шавҳарам пурсон шуду чун сухан аз заданҳояш оғоз кардам, хушдоманам гуфт:
-Эркин ҳамаро мезанад. Ҳатто маро ҳам задааст. Чӣ кунем, ки табиатан ҳамин аст. Акнун ман ҳам аз фарзандам рӯй гардонам? Зан бояд тоқат кунад.
-Аз ин суханони хушдоманам аламам зиёд гашта, калиди қулфи сандуқро ёфта натавонистаму онро бо болға зада шикастам. Либосҳоямро ҷудо мекардам, ки Эркин омад. Зани амакаш ӯро наздамон фиристодааст, то диламро биёбад. Аммо гуфтугӯи мо бар зарар гардид. Шояд ӯ боз нӯшида буд, ки ҷавобамро пурра дод…
Либосҳоямро гирифта аз хона баромадем, ки Эркин аз пасамон омад. Ман ба ӯ нигоҳ ҳам намекардам, вале ӯ нисбат ба апаҳоям хеле хушмуомилаву ширинсухан шуда буд. Зуд аз сари роҳ барои ҳама яхмос харид. Ман ба илтифоти ӯ эътиборе надодам. Аммо апаҳоям аз яхмос рӯй нагардонданд.
Аҷаб аст, ки ҳанӯз мани латхӯрдаву азияткашида ба ҷое шикоят набурда будаму хушдоманам ба суд арзу шикояти доманадоре навиштааст, ки ҳар як ҳарфи он дурӯғу тӯҳмат аст. Вақте маро ба суд даъват карданд, аризаи хушдоманамро шунида ҳуш аз сарам парид. Ман то ҳол бовар карда наметавонам, ки инсон то ба ин ҳад дурӯғ гуфта тавонад. Куҷост виҷдону инсоф?
Аз дарду аламу ғазаб ба назди Эркин рафтам, то бидонам, ки ӯ дар навиштани ин ариза чӣ саҳме дорад. Ба пушти хонаашон баромаду пурсидам:
-Ба суд аризаро ту навиштӣ?
-Чӣ хел ариза? -ҳайрон шуд ӯ. -Ман аз ягон ариза-париза хабар надорам.
-Дар ариза навиштаед, ки гӯё ман аз кисаи ту пул дуздидаам. Чӣ магар ман боре ягон чизро дуздидаам?
-Он пулҳоро модарам гирифтааст. Ман медонам, ки ту дузд нестӣ. Ба ту бовар дорам, -гуфт Эркин ва узрхоҳӣ намуда, тасаллиам дод.
Ҳамроҳ сӯҳбаткунон то наздикии хонаи апаам расидем. Эркин пурсид:
-Дар хонаи апаат кӣ ҳаст? Шавҳараш дар ҳамин ҷо?
Апаам зани дуюм буд ва шавҳараш дер-дер хабараш мегирифт. Ман медонистам, ки ӯ ҳоло дар назди зани аввалаш аст.
-Не, шавҳараш нест, -гуфтам дар ҷавоб, -лекин тез-тез меояд.
-Рафтем, апаатро хабар мегирем, -пешниҳод намуд Эркин ва ман розӣ шудам.
Мо зану шавҳари ҷудошуда якҷоя ба хонаи апаам рафтем.
Апаам бо хурсандӣ моро истиқбол гирифта, меҳмондорӣ кард. Маро ба гӯшае хонда гуфт:
-Шавҳарат туро дӯст медорад. Чӣ коре нашуда бошад, аз ӯ ҷудо нашав.
-Вай ҷавобамро додааст, -гуфтам ман.
-Ҳеҷ гап не. Ба касе нагӯй ва зиндагиатро давом деҳ. Мана ман соддагӣ кардам. Касе ҳам аз роҳам нагардонд. Аз ғурур шавҳарамро бахшида натавониста ҷудо шудам. Акнун -зани дуюм. Хона надорам. Дар иҷора мешинам. Баъзан шавҳарам пули иҷораро ҳам намедиҳад. Илоҷаш бошад, аз шавҳарат ҷудо нашав! Пушаймон мешавӣ, -насиҳат кард апаам.
Вале ман аз азобу шиканҷаи шавҳару хушдоман хаста шуда будаму баъзан ҳатто зистан ҳам намехостам.
Баъд аз ба шавҳар баромадани духтар волидонаш ҳам то андозае бегона мешудаанд. Ҳар сухани онҳо баъди бозгашт ба духтар чун теғе ба ҷонаш асар мекардааст. Падарам зиёд насиҳатам мекарданд. Рӯзе аз гармии коса дастам сӯхту онро якбора наздашон гузоштам. Падарам фикр кардаанд, ки ин корро ман барқасдона кардаам.
-Ту ҳам мисли апаат, -ба ғазаб омаданд он кас, -гапро гӯш намекунӣ…
Он кас зиёд ҷангам карданду хомӯш истодам. Зеро бемор буданд. Гарчанд модарам тарафамро гирифтанд, қаҳр карда ба хонаи апаам рафтам.
-Дидӣ, баъди аз шавҳар ҷудо шудан, барои падару модар ҳам даркор намешавӣ. Ҳама бароят бегона мешавад. Барои чӣ ман зани дуюм шуда, дар иҷора мешинам? Барои нашунидани норизоии падару модар, эродҳои онҳо, ҷангу ҷанҷолашон! Ман хато кардам, ту накун. Бо шавҳарат муросо намо, -сабаби омаданамро фаҳмида, дарди дил намуд апаам ва худ бархоста ба шавҳарам занг зад.
Шавҳарам ба зудӣ омад. Апаам чой дам карда, бо баҳонае аз хона берун шуд. Шавҳарам маро ёд карда будааст. Лутфу меҳрубониҳо карду ман ҳам дунёро фаромӯш кардам. Фаромӯш кардам, ки бо ҳам будани мо аз рӯи шариат дуруст нест…
Пас аз ин вохӯрӣ ҳомила шудам. Азбаски ҳанӯз ҳам дар хонаи модарам будаму баргаштан намехостам, пас аз чанд вохӯрии дигар бо Эркин аз ӯ хоҳиш кардам, ки пул диҳад, то исқоти ҳамл намоям. Вале ӯ розӣ нашуд. Гуфт, ки аризаи барои ҷудошавӣ додаамро аз суд бигирам. Ӯ дили модарашро меёбаду зиндагиамонро идома медиҳем.
Рӯзе шавҳарам боз ба хонаи апаам омадаасту апаам маро даъват кард.
-Ба хона меравем. Зиндагиамонро давом медиҳем, -гуфт Эркин.
Соати 10-и шаб мо ба хонаамон омадем. Аввал ба мағозае даромада чизе хариданӣ шудем. Хайрият дар он ҷо яке аз ҳамсояҳоямонро дидем. Ҳама медонистанд, ки ман қаҳр карда, дар хонаи модарам мезистам. Ва ҳамсоя аз муносибати Эркин пай бурд, ки ӯ маро ба хона бозгардонданист…
Аз дар медаромадем, ки хушдоманам пайдо шуд.
-Ҳа, маймунҳоро боз овардӣ? Намондӣ назди бибиаш монад? -ба тифлакам ишора кард ӯ, ба Эркин нигоҳ карда.
Шавҳарам чизе нагуфт. Ба хона даромада либосҳоямонро ҷо ба ҷо намудему Эркин пешниҳод кард, ки ба назди модараш равем.
-Танҳо ту чизе нагӯй. Ба гапаш гап нагардон. Мегӯяду хомӯш мешавад, -илтимос кард ӯ.
Ба ҳама эроду пичингҳои хушдоман тоқат кардам. Лекин рӯзи дигар овоза кардааст, ки ман худам шабона ба хона баргаштааму шавҳарам маро суроғ ҳам накарда будааст. Аз Эркин пурсидам:
-Ту ҳам мисли модарат овоза мекунӣ, ки ман бо пои худ омадаам?
-Ман ин корро накардаам, -гуфт вай. -Ба ин овозаҳо эътибор надеҳ. Асос ману ту ҳамдигарро бифаҳмем.
Хайрият, ки шаби бозгаштан ҳамон ҳамсояро дида будем. Ба шавҳарам гуфтам, агар ӯ ҳам мисли модараш бигӯяд, ки ман бо пои худ баргаштаам, дар назди тамоми халқ ин ҳамсояро даъват карда исбот хоҳам кард, ки ҳар ду дурӯғгӯй ҳастанд…
Пас аз ду рӯзи дигар тасодуфан бо ҳамсояе ҳамсӯҳбат шудему гуфт:
-Зани зебоӣ, ҷавон ҳастӣ. Чаро омадӣ? Охир, шавҳарат нашъаманд аст! Зиндагиат оқибат надорад.
Ба ҳайрат афтодам. Зеро аз бадмастиаш хабар доштаму боре ҳатто фикре ба сарам наомадааст, ки ӯ нашъаманд аст. Вале пас аз шунидани ин сухани ҳамсоя ба ҳар кори шавҳар диққат медодагӣ шудам. Лекин ин давра давраи нисбатан осудаи зиндагиам буд, гарчанд ҳаром буд зиндагӣ бо шавҳарам.
(Давом дорад)

Мавзӯҳои монанд
  • ЗИНДАГӢ БО ШАВҲАРАМ ҲАРОМ БУД
  • ЗИНДАГӢ БО ШАВҲАРАМ ҲАРОМ БУД
  • ЗИНДАГӢ БО ШАВҲАРАМ ҲАРОМ БУД
  • АПААМ ШАВҲАРАМРО ГИРИФТ
  • ХУШДОМАНИ ҶАЛЛОД

  •  

    Фикри худро нависед!

    Номи шумо:
    E-Mail:
    Аломатҳо:
    Включите эту картинку для отображения кода безопасности
    пахш кунед, агар аломатҳо номаълум бошанд
    Аломатҳо
    ворид кунед:


    Бахшҳо
    Пурсиш
    БА ШУМО КАДОМ МАВЗӮҲО БЕШТАР ПИСАНД АСТ?

    Оилавӣ
    Тарбиявӣ
    Динӣ
    Тиббӣ
    Маҳрамона
    Қиссаҳо


    Хабарҳои машҳур

    Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
    © 2009-2010 Ҳафтаномаи «Муҳаббат ва Оила». Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии «adMedia»