Салом, "Розу ниёз"-и қалбҳои ошиқ! Ман ҳам аз мухлисонат ҳастам. Ростӣ, аввалҳо ба хондани рӯзномаву маҷалла ва китобҳо низ майлу рағбате надоштам. Вале имрӯз ҳамрозу аниси лаҳзаҳои танҳоиям танҳо "Муҳаббат ва Оила" аст.
Соли 2008 мактабро хатм намуда, ба донишгоҳи омӯзгории шаҳр дохил шудам. Рӯзҳои аввали донишҷӯӣ бароям мисли афсона рангину гуворо буд. Хурсанд будам, ки дӯстони нав пайдо кардам. Се дугонаи хуб доштам. Бо онҳо дар дарсҳо якҷоя менишастем, якҷоя ба сайругашт мебаромадем, якҷоя дар консерту чорабиниҳои донишгоҳ ширкат меварзидем. Ва аҷаб аст, ки се тан аз ин гурӯҳи чордухтарон гирифтори бемории сахте шудем бо номи "Ишқ"! Шояд сабаб ҷавониву бетаҷрибагӣ буд, ки ин бемориро ба дил роҳ додем. Дугонаи аввалам ба оператори донишгоҳ, дуюмӣ, ба муаллими ҷавон -хатмкардаи ҳамин донишгоҳ ва ман ба ҷавони донишҷӯе, ки ҳамагӣ як сол калон буд, ошиқ шудем. Ман пушаймон нестам, зеро Худованд "ишқро танҳо ба бандаи дӯстдоштааш "ато" мекунад. Орзуҳои зиёде дар дил мепарваридам. Вале хато карда будаам. Ва ин хато ошиқ шудан будааст.
Бо ҷавони дӯстдоштаам танҳо бо телефон гап мезадему дар донишгоҳ чунон рафтор мекардем, ки гӯё ҳамдигарро намешиносем. Худро дар афсонаи ширину зебое эҳсос мекардам. Вале пас аз ду соли афсонаҳо рӯзе яке аз дугонаҳоям хабар дод, ки шаҳзодаи ишқи ман -Хайём зан мегирифтааст. Дунёи рӯшану зебо дар назарам ба торикистон табдил ёфт. ӯ ҳамеша мегуфт,ки "ба ту оиладор мешавам". Вале дигареро интихоб намуд -духтари холаашро. Ва онҳо тӯй шуданд. Аз байн чанд муддат гузашту дугонаи дигарам "Малика" пурсид:
-Чаро хостгорҳои Хайёмро рад кардӣ?
Ҳайрон шудам. Гуфтам: -ӯ дар бораи хостгор фиристодан ҳатто даҳон накушодааст. Тӯяшро ҳам аз забони дугонаҳоям фаҳмидам.
Аҷиб аст. Ба ишқи мо хиёнат карду боз маро гунаҳкор нишон додан мехоҳад. Ба дугонаҳоям мегуфтааст, ки то ҳол маро дӯст медорад. Бо вуҷуди хиёнати кардааш ҳар лаҳзае ӯро бубинам, дилам сахт метапад. Вале ба худ мегӯям: "ӯ оиладор аст. Роҳи зиндагии мо минбаъд якҷоя нест. ӯро арӯси нозанинаш интизор аст".
Аз вохӯрӣ бо ӯ ва сӯҳбат кардан ҳам худдорӣ менамояму "астағфируллоҳ" мегӯям. Ман ин гуна ишқро намехоҳам.
Дугонаам Фариза ду сол бо Акмал ном ҷавоне гашту оқибат Акмал дугонаамро ноумед карда, ба духтари тағояш оиладор шуд. Акнун фаҳмидам, ки ишқ чист, чӣ дарди сахтест. Ба худ қавл додаам, ки дигар ба касе ошиқ намешавам. Падару модарам касеро интихоб намоянд, ба ҳамон шахс ба шавҳар мебароям. Зеро ба ҷавонони имрӯза бовар карда намешавад.
Бигзор, ин қиссаи дарди ман духтарони дигарро сабақ гардад.
Маҳина