Ҳатман бихонед:  

Салом! Ман Самандар. Духтареро дӯст медорам. Ба ӯ изҳори муҳаббат кардам. Аммо ӯ сурх шуду чизе нагуфта рафт. Ба дугонааш гуфтааст, ки "ӯро дӯст доштаам, аммо ба чашмонаш нигоҳ карда наметавонам".
Намедонам, чӣ кор кунам. Маслиҳат диҳед.

АЗ ИДОРА:
Самандар, шуморо табрик мегӯем, ки муҳаббататон беҷавоб нест.
"Хомӯшӣ аломати ризост", мегӯяд халқ. Дӯстдоштаатон духтари хушодобу тарбиятдидае будааст, ки чизе нагуфтааст. Сурх шуданаш ҳам нишонаи он аст, ки духтарак нисбати шумо бетафовут нест.
Ва, албатта, духтарак набояд ба гардани шумо кашол шавад.
Баъдан, ӯ ҷавоби хешро тавассути дугонааш ба шумо фиристодааст. Шуморо боз чӣ лозим аст?
Ба наздаш бираведу мисли дӯст ҳамроҳаш сӯҳбат оғоз кунед. Бовар кунед, ӯ аз сӯҳбат намегурезад. Танҳо дар оғоз-то ба ҳам одат карда, унс гирифтан дар мавзӯи ишқу муҳаббат сухан гуфтан лозим нест!

Мавзӯҳои монанд
  • ИШҚИ МАН ДУРӮЗА НЕСТ!
  • ОБРӮИ ВОЛИДОНАМРО РЕЗОНДАН НАМЕХОҲАМ
  • ТӮҲФАИ ДИЛДОДААМРО НАГИРИФТАМ
  • ДӮСТАМ ИЗҲОРИ МУҲАББАТ КАРД
  • ДУХТАРИ ХОЛААМ МАРО ГАНДА КАРД

  •  

    Фикри худро нависед!

    Номи шумо:
    E-Mail:
    Аломатҳо:
    Включите эту картинку для отображения кода безопасности
    пахш кунед, агар аломатҳо номаълум бошанд
    Аломатҳо
    ворид кунед:


    Бахшҳо
    Пурсиш
    БА ШУМО КАДОМ МАВЗӮҲО БЕШТАР ПИСАНД АСТ?

    Оилавӣ
    Тарбиявӣ
    Динӣ
    Тиббӣ
    Маҳрамона
    Қиссаҳо


    Хабарҳои машҳур

    Сайти мазкур бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон омода шудааст.
    © 2009-2010 Ҳафтаномаи «Муҳаббат ва Оила». Омодакунандаи сайт: Агентии рекламавии «adMedia»