Боварӣ надоштам, ки духтари 17-сола ҳам ин қадар маккор мешудааст.
Гулӣ ном духтаре аз назди корхонаамон бо дасти писарбачае ба ман мактуб фиристода хоҳиш кардааст, ки шинос шавем. Албатта, хостам бубинам, ки ў чӣ гуна духтар аст. Бинобар ин ба рақами телефони навиштааш занг задаму вохўрдем. Ростӣ, духтар маро маъқул нашуд. Гарчанд ҳусн надорад, бисёр назарбаланд аст, нописандона гап мезанад. Аз либосҳо ва тилловориҳояш маълум буд, ки аз хонадони одамони бой аст.
Шинос шудем. Лекин сўҳбатамон тўл накашид. Ҳар лаҳза ба ў занг мезаданду оқибат узр хоста гуфт: - Ман бегоҳ ба ту занг мезанам.
Пеш аз занги ў духтараки дигаре ба ман занг зада гуфт:
- Гулӣ шуморо фиреб мекунад. Ў ду маротиба шавҳар кардааст. Ҳардуяш ҳам бо роҳи тўҳмат кардан. Эҳтиёт шавед.
Худи Гулӣ занг заду гуфтам, ки арўс дорам. Ба наздикӣ хостгор мефиристем.
-Агар маро нагирӣ, суд мешӣ. Акаам дасту поятро баста наздам меорад,- гуфт таҳдидомез Гулӣ.
Ман гўшакро гузоштам. Ў боз занг зада дашномҳо кард. Чизе гуфта натавонистам. Лекин тарсидам. Дар ҳақиқат, агар бародараш дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ кор кунад, метавонад, ки тўҳмат кунад. Маро чӣ маслиҳат медиҳед?
САЛИМ, 20-сола
Аз идора:
Салимҷон! Худованд ҳар бандаро аз тўҳмати ноҳақ нигаҳ дорад! Дар ҳақиқат, имрўз бархе аз ашхоси бадкин бо дурўғу тўҳмат низ корҳояшонро ба субут расониданию айбашонро пўшиданӣ мешаванд. Лекин агар гуноҳе надошта бошед, аз тўҳматҳои он духтар натарсед. Имрўз замоне нест, ки нопурсидаву насанҷида касеро айбдор намоянд. Вале ба ҳар ҳол, ду-се маротиба таҳдидҳои духтаракро бо ягон воситае сабт намоед. Пасон рақами телефонатонро иваз кунед. Бикўшед, ки дигар ҳаргиз дар танҳоӣ бо ин духтар рў ба рў нашавед. Ва ў имкон нахоҳад ёфт, ки таҳдидатон кунад.